{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Доктор Булӯриён: Истеъмоли чарбуи ҳайвонот метавонад инсонро дучори сактаи қалбӣ кунад

Доктор Алиасғари Булӯриён ба ҳайси ҷарроҳ ва мутахассиси дил қаблан, дар солҳои 2007, 2008 ва 2009 дар Тоҷикистон фаъолият доштанд ва дар Эрон низ касони зиёди Тоҷикистонро умри дубора бахшидаанд. Бо назардошти он ки доктор Булӯриён аз наҳваи зиндагии мардуми мо огоҳанд, мо имрӯз аз доктор дар бораи омилҳои бемории дилу раг чанд суол пурсидем.

Ҷаноби доктор ба Тоҷикистон ва ба Бемористони Ибни Сино хуш омадед!

Шумо бо ҷомеъа, боду ҳаво ва тарзи зиндагии мардуми Тоҷикистон то ҷое ошно ҳастед. Лутфан, бигӯед, ки бемориҳои дилу раг то кадом андоза ба тарзи зиндагӣ, шароит ва муҳит бастагӣ доранд? Ба назари Шумо омилҳои беморсоз дар робита бо бемориҳои дилу раг кадомҳоянд?

 Албатта, эҳтимолан худатон медонед, ки бемориҳои коронарӣ, яъне ҳамин бемориҳои баста шудани рагҳои хунрасон ба иллати ҷамъ шудани чарбӣ дар дохили рагҳо як бемории бисёр шоеъ дар тамоми дунёст. Ҳоло дар баъзе ҷомеъаҳо шояд камтар ва дар баъзеи дигар қадре бештар ба чашм расад. Вале дар зарфи ин 13 соле, ки ман бо ҷомеъаи тоҷик ошно ҳастам ва беморони зиёде ҳам аз Тоҷикистон ба Эрон омаданд ва амал шуданд, дидам, ки гирифтории рагҳои онҳо аз лиҳози патологӣ ё осебшиносӣ бештар, сахттар ва густардатар аст. Маъмулан, аз назари осебшиносӣ як севуми раг, яъне қисмати ибтидоии раг, ки меравад ба самти мушаки қалб, гирифтор мешавад ва қисмати дувум ва сеюми раг солим боқӣ мемонад. Аммо дар аксари беморони тоҷик, ки ман мушоҳида кардам, тақрибан дар саросари тӯли раг гирифтагиҳо вуҷуд доранд ва ин ба назари ман катъан ба тарзи истеъмоли ғизо рабт дорад.  Албатта, дар ин самт як пӯиш ва ё як пажӯҳише миллӣ бояд анҷом дода шавад, то маълум ва дақиқ гардад, ки тағзия чанд дарсад дар гирифтории рагҳои дил нақш дорад. Вале он чи ки дар илми пизишкӣ ҳаст ва то кунун дар соири ҷавомеъ мутолеъа шудааст, ҳатман ба ҷомеъаи тоҷик ҳам рабт дорад. Дар баъзе хонаводаҳо бемории гирифтории рагҳои қалб ирсӣ мебошад, яъне баъзе хонаводаҳо дар ҷисми худ жени русуб ё басташавии рагҳо ба воситаи чарбиро доранд. Ин омилест, ки дар даст ва ё дар ихтиёри мо нест, балки онро тавассути падар ё модар ба ирс мебаранд.

Лутфан, бигӯед барои он ки ҳамин жен шиносоӣ шавад, чи кор бояд кард? Оё ин женро ҳам ба монанди жени диабет, қабл аз ин ки инсонро гирифтор кунад,  мешавад бо роҳи супурдани озмоишоти муайян шиносоӣ, пешгирӣ ва дармон кард?

То ҷое ки ман медонам, жени ин беморӣ то ҳол шинохта нашудааст.  Аммо агар дар оянда ин жен шиносоӣ шавад ва башар бихоҳад онро идора кунад, мусалламан, дар ояндаи дур мумкин аст, ки дар кам кардани мизони гирифторӣ ба ин беморӣ донишмандон муваффақ шаванд.  Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир шиносоӣ ва идора кардани ин жен дар тавони мо нест. Вале омилҳои хатар, бахусус, дар касоне, ки дар хонаводаашон бемориҳои дилу раг доранд, вуҷуд дорад ва онҳо бояд хеле муроқиби саломатии худ бошанд. Масалан, касе ки фарз кардем падараш сактаи дил карда ё аҳёнан шинохта шуда, ки эшон гирифтагие дар рагҳои хунрасони дил доранд, бояд ҳатман талош кунанд омилҳои хатарро кам кунанд. Яъне талош кунанд, ки истресс нагиранд, аз истеъмоли ғизоҳои чарбӣ, махсусан аз чарбуи ҳайвонот, аз истеъмоли гӯшти сурх, нӯшидани машрубот ва кашидани сигор парҳез намоянд. Сигор аз омилҳои дигари хатарзо аст.  Ҳамон тавр ки собит шуда, сигор омили аслии саратони шуш ҳаст ва девораи сурхрагҳоро барои ҷамъшавии чарбу мусоид мекунад.

Аммо машруб чи таъсире дорад?

Машруб ҳам ҳатман асар дорад. Махсусан, машруботи қавӣ ба фаъолияти мушаки дил  асари манфӣ мегузоранд ва аксари машрубот сабаби боло рафтани триглисрит, як навъи чарбуе хоҳанд шуд, ки метавонад боиси гирифтории рагҳо шавад. Дар ин ҳолат махсусан касоне, ки диабет доранд, бояд хеле мувозиб бошанд.  Онҳо бояд назорат шаванд, чунки диабет ҳам ба шиддат метавонад шароинро гирифтор кунад. Дар он сурат ин гурӯҳи беморонро ба ҷуз дармони доруӣ ҳеч коре намешавад.  На мешавад ҷарроҳӣ кард ва на мешавад стент гузошт.

Чаро касоне ҳам дорем, ки як умр бо ғизои пурчарб зиндагӣ мекунанд ва гирифтор намешаванд? Дар гузашта ҳам, масалан, одамон аз хӯрокҳое, ки чарбу доштанд, истеъмол мекарданд, вале ба андозаи имрӯз гирифтори чунин мушкилот набуданд. Сабаб чист?

Албатта, дуруст мефармоед, аммо мо замоне метавонем муқоиса бикунем, ки як мутолеъаи комилан илмӣ барои муқоисаи мизони шуюъи ин беморӣ дар замони ҳол, ки авохири соли 2020 ҳаст ва масалан 40 соли пеш, ки авохири 1980  аст, дошта бошем, ки надорем. Бинобар ин,  ҳар он чи ки ман мегӯям, як диди куллӣ аст ва таҷрибае, ки ба ман нишон додааст, хидмататон арз мекунам.  Аввалан ин ки си-чиҳил соли пеш васоили ташхис мисли имрӯз пешрафта набуд.  Дуввум ин ки қаблан ин зиндагии мошиниро надоштем. Ин фишор ва афсурдагие, ки имрӯз мардум дар таъмини маошашон ва дар муҳити кору зиндагияшон доранд, надоштанд. Ва севум фаъолияти физикии хеле бештаре доштанд ва хеле содатар зиндагӣ мекарданд ва хотирашон ҳам ҷамъу роҳаттар буд. Зимнан, як идда омилҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ба монанди дуди мошинҳо, партавҳои давру бари мо, ки аз мобайлу дигар таҷҳизот меояд, ғизоҳои ғайриорганикӣ, борваришуда ва модификейтшуда, ки ба далели ниёзҳои ҷомеъа ва бо аҳдофи иқтисодӣ тавлид мешаванд, низ таъсир мерасонанд. Тамоми ин омилҳо қатъан дар  мизони шуюъи ин беморӣ дар замони имрӯз ва  си-чиҳил соли пеш ихтилоф ба вуҷуд меоранд. 

Чи ғизоҳое бояд истеъмол бикунем, ки кори қалбамон дурусту муназзам бошаду ба мушкилоте дучор нашавад? Тавсияи Шумо чист?

Ғизоҳоеро, ки бо маводи гиёҳӣ ва бо гӯшти сафед (моҳӣ ва мурғ) дуруст мешаванд, бояд бештар истеъмол кард, на гӯшти сурх( гӯшти гову гӯспанд).  Бахусус хонаводаҳое, ки бемориҳои дилу рагро ба таври ирсӣ доранд, бояд хеле рӯи хӯрокашон диққат кунанд.  Ҳатман мизони холестерини хунашонро ҳар се ва ё ҳар шаш моҳ бояд бисанҷанд. Ва албатта ҳамон тавр ки гуфтам,  кӯшиш кунанд, ки гирифтори афсурдагӣ ва истресс нашаванд. Инчунин агар фаъолияти ҷисмониро риоят кунанд, камтар дучори бемориҳои дилу раг хоҳанд шуд. Варзиш ҳам бояд мисли хӯрок ҳатман дар барномаи рӯзонаи ҳар шахс ҷой дода шавад. Ҳадиақалл ду бор ним соатӣ дар манзил ба сурати нармишу пиёдаравӣ бар рӯи дастгоҳи дав ё дучархаи собит ҳаракат дошта бошанд. Албатта пиёдаравӣ дар табиату боду ҳавои тоза агар муяссар бишавад, боз беҳтар хоҳад буд.

Дар боло ба зарари гӯшти сурх ба системи дилу раг ишора кардед ва гуфтед бояд камтар онро истеъмол шавад. Аммо мо мардуми тоҷик тақрибан наметавонем бе гӯшт хӯрок хурем. Гӯшти сурх ба фаъолияти дилу раг чи гуна зарар дорад?

Албатта ҷавоби тахассусии ин суолро як мутахассиси тағзия (диетолог) метавонад бидиҳад. Валекин то он ҷое ки иттилоъоти ман метавонад посухгӯ бошад, гӯшти сурх (гӯшти гову гӯспанд) баданро асидӣ мекунад ва ҳар модаи ғизоие, ки баданро асидӣ мекунад, барои касби гирифторӣ ва ё маҳкам шудани рагҳои хун, барои бурузи саратон ва барои хеле аз нороҳатиҳои дигар мисли алсгеймер мусоидат мекунад. Тақрибан тамоми бемориҳо дар муҳити асидӣ шакл мегиранд. Гӯшти сурх илова бар ин ки муҳити баданро асидӣ мекунад, холестеринро ҳам боло мебарад. Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки аз он кам истифода кунанд. Холестерин яке аз омилҳои гирифтории рагҳои қалб аст. (Маълумоти бештарро дар бораи омилҳои дигари  гирифтории рагҳои дил инҷо бихонед.)

Сипоси бепоён барои суҳбатҳои олӣ ва пурмуҳтавоятон!

Саломату сарбаланд бошед!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст