{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дисплазия ё баромадагии модарзодии мафсали рон дар ҳар синну соле қобили табобат аст.
 
Афроде ҳастанд, ки баромадагии модарзодии косу рон (дисплазия) доранд ва ҳамаи умр ҳангоми роҳ рафтан душворӣ мекашанд, аммо аз пайи ислоҳи он намешаванд. Онҳо ба маъюбӣ ва нуқси модарзодии худ тан медиҳанд. Бехабар аз он ки ин мушкил ҳатто дар бузургсолӣ ҳам ҳалшуданӣ аст. Бо як амали ҷарроҳии эндопротезгузорӣ метавон барои ҳамеша бо ин навъ маълулият падруд гуфт ва зиндагии солимтареро оғоз кард. Ҳамон гуна ки Назокат Собирова, сокини шаҳри Панҷекат, пас аз амали ҷарроҳии эндопротезгузорӣ дар Бемористони Ибни Сино аз нуқси модарзодии кӯтоҳии пои худ раҳо шуд ва пас аз солиёни зиёд бо пои бенуқсон ба зиндагии нав қадам гузошт.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст