{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ДИАБЕТИ ҚАНД БАРОИ ПОЙҲО ХАТАРНОК АСТ!

Миёни беморони диабети қанд дарди пой яке аз зуҳуроти паҳнгашта ба ҳисоб меравад ва он сабабҳои гуногун дошта, дар натиҷаи осеби торҳои хурди асаб, осеби рагҳо, бемориҳои буғум ва бемориҳои рагӣ метавонад пайдо шавад.

Инчунин гардиши хун дар пойҳои нафарони гирифтори бемории диабети қанд метавонад ихтилол ёбад. Дар натиҷа, дар пӯст захмҳо метавонанд ба вуҷуд ояд, ки барои маскун шудану афзоиш ёфтани бактерияҳои гуногун шароити мусоид фароҳам меоранд. Хусусан, глюкозае, ки дар асари арақи пойҳо берун меояд, ба зиёд шудани ҳаргуна бактерияҳои инфексионӣ мусоидат мекунад.

Аз ҳамин сабаб, беморро зарур аст, ки бемориҳои пӯстро пешгирӣ намояд, яъне пӯсти пойҳояшро тоза нигоҳ дорад. Зеро ҳаргуна захмдоршавӣ дар пӯсти шахси гирифтори бемории қанд (ҳатто захми хурдтарин ҳам) ба захми дарозмуддати шифонаёбанда табдил меёбад.

Тавсия мешавад, барои солим нигоҳ доштани пойҳо ба гуфтаҳои зайл таваҷҷӯҳ намоед:

- Ҳар рӯз пойҳоятонро шӯйед ва ба хушкшавии онҳо аҳамият диҳед.

- Барои осеб надидани пӯсти пой дастмоли маҳинро истифода баред.

- Кафши гарм истифода баред, барои гарм кардани пойҳоятон ҳангоми хунук хӯрданашон аз гармкунакҳо истифода набурда, бо ҳаракати ангуштонатон ва масҳ онҳоро гарм кунед.

- Нохунҳои пойҳоятонро чуқур нагиред.

- Аз пойафзоли тангу кафшҳои пошнабаланд истифода набаред.

- Аз сарпоиҳое, ки тасмаашон аз байни ангуштон мегузаранд, истифода набаред.

- Агар дар пойҳоятон захме пайдо гардад, бо равғани ангат малҳам гузоред.

Инчунин, барои пешгирӣ ва табобат истифода аз  бо оби такшон ва дамхӯрдаи гиёҳҳои шифоӣ метавонад самараи хуб диҳад.

Дар 5 литр оби ширгарм 0,5 қошуқ “даҳани фаранг” (медний купорос)-ро маҳлул карда, дар тағора дошта пойҳоро даруни он 20 дақиқа нигоҳ доред; барои ҳароратро мӯътадил нигоҳ доштан, болои зонуҳоро мебояд бо кампал (одеял) пӯшонид. Пойҳоро аз тағора гирифта, хушк накарда, равғани кастора (касторка) молед ва ҷӯроби пахтагин пӯшед.

Панҷ барги офтобпарстро дар оби ҷӯшида тар карда, гармогарм ба пойҳои дардманд баста, давоми шаб нигоҳ доред, ки барои пешгирии гангрена хеле судманд аст. Ин усулро як шаб пас такрор намудан тавсия мешавад.

Аз гиёҳҳои шифобахш истифода баред! Пеш аз истифодаи онҳо ба духтури табобатии худ муроҷиат кунед, зеро истифодаашон аз миҷоз вобаста буда, ҳар яки ин дастурҳо ба ҳама як хел таъсир намекунанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст