{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Ҳангоми кор дар бемористон беихтиёр аз ҳаёт ва қисмати одамони гуногун огоҳ мешавем...

Имрӯз мехоҳем дар бораи зиндагии риққатовар, вале ибратангези як нафар муштарии бемористон бо иҷозати худаш қисса намоем. 

 Гулчеҳра Тураева дар сесолагӣ аз волидон маҳрум шуда, чанде дар хонаи ин хешованд ва чанди дигар дар оилаи хеши дигар ба сар бурда, калон шудааст. Гӯё сарнавишт барои ӯ барномаи махсуси санҷишу имтиҳон пешбинӣ карда бошад. Гулчеҳра, ғайр аз он ки дар тифлӣ паси ҳам аз модару падар ятим мемонад, ҳамчунин бо нуқси кӯтоҳии пой ба дунё омадааст. Аз замони таваллуд пойи чапаш нисбат ба пойи росташ 6 см кӯтоҳ будааст. Замони тифлии Гулчеҳра ба даврони ҳарҷу марҷи баъди ҷанги дохилӣ рост меояд ва ӯ, ки дар хонаи хешовандон мезист, аз таҳсил дар мактаб низ маҳрум мондааст. Хонандагон ба осонӣ метавонанд қисмати сахту сангини кӯдакии ин тифли маъсумро тасаввур намоянд; кӯдакие, ки тақрибан ҳеҷ шодмонию беғамиҳои бачагонаро ба ҳамроҳ надошт. Духтари дӯстрӯе бо чашмони барроқ, аммо бо пои ланг ҳамеша худро ноқис эҳсос мекарда ва ангуштнамои ҳамсолону ҳамсоягон буд. Илова бар маҳрумият аз меҳри модару падар, аз ҳисси беэътимодӣ ба нафс пайваста ранҷ мекашид. Худро берун аз шоҳроҳи зиндагӣ эҳсос менамуд.  

Вале бо қадри ба синни балоғат расидан, эҳсоси худкамбинӣ ва уқдаи ҳақоратро низ ҳарчи бештар бартараф мекард ва ниҳоятан азм ҷазм кард, ки нуқсони пояшро бартараф созад, аз бозмондаҳои ҳисси беэътимодӣ ба нафс раҳоӣ ёбад, худро дар канори дигарон дар шоҳроҳи зиндагие, ки роҳ ба саодат дорад, қарор бидиҳад.....

Пас аз ҷустуҷӯҳо ва пурсуковҳои тӯлонӣ донист, ки ба василаи амали ҷарроҳӣ кӯтаҳии пояшро бартараф кардан имкон дорад ва тамоми саъйу талош ва иродаашро барои таҳаққуқи ин амр равона кард. Ҳамроҳ бо шавҳараш, ки аз рӯзи аввал такягоҳаш дар зиндагӣ буд, ба муҳоҷирати корӣ рафта, тамоми маҳрумиятҳо ва сахтиҳои онро таҳаммул кард, то ки ниҳоят маблағи лозим барои ҷарроҳиро ҷамъ оварад. Дар ниҳоят ба бемористони Ибни Сино муроҷиат кард. Соли 2019 дар 36-солагӣ пизишкони осебшиноси бемористони Ибни Сино бо гузоштани протез кӯтоҳии пойи Гулчеҳраро бартараф карданд ва ӯ ҳоло аз хурсандӣ мегиряд

Бояд гуфт, ки Гулчеҳра Тӯраева баъдан таҳсилоти мактабиашро низ такмил кард ва ҳоло бомуваффақият дар коллеҷи тиббӣ мехонад ва ба зудӣ касби парасториро соҳиб шуда, ба ниёзмандон кумак хоҳад кард. Ҳоло низ хоҳиши хешону ҳамсоягонро рад намекунад, якеро ампул мезанад, ба дигаре маслиҳат медиҳад; зеро дарди дардмандонро касе беҳтар мефаҳмад, ки худ ранҷу азияти онро аз сар гузарондааст. Чуноне ӯ қайд кард, ки то имрӯз аз касе пул нагирифтаам, зеро медонам, ки бемор ҳамеша ба маблағ ниёз дорад. Агар нон ё ягон маводи ғизои оварданд, қабул мекунам ва бароям кифоя аст.

Гулчеҳра намоди умед, матонат, устуворӣ, иродаи қавӣ барои садҳо, балки ҳазорон ҷавонон метавонад бошад, Муҳимтарин сабақи зиндагонии душвор ва пурифтихори ӯ ҳамин аст: ҳаргиз набояд фаромӯш, ки созандаи ояндаи нек ва дурахшони ҳар фарде худи ӯст!

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст