{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ДАРД ДАР ҚАФАСИ СИНА

Дард дар қафаси  сина баёнгари мушкилоти зиёд дар организм буда метавонад. Ин мушкилот метавонанд одиву безарар  ва ё ҷиддиву хатарнок  бошанд.
Дардҳое, ки дахолати ҷиддиро наметалабанд ва бо таъини як ё ду дору зуд бартараф мешаванд, маъмулан инҳоянд:
- невралгияи байниқабурғавие, ки дар заминаи бемориҳои гуногун ва ғайрикардиалӣ ба миён меоянд;
- миозити(шамолхӯрдагӣ) мушакҳои қафаси сина;
- алоими Титсе (илтиҳоби пайванди қабурғаю устухони туш);
Гурӯҳи дигари дардҳое, ки дар қафаси сина дар заминаи бемориҳои гуногун, ки ба дил рабт надоранд, пеш меоянд ва дар сурати табобати бемории асосӣ бартараф мешаванд инҳоянд:
- бемории роҳҳои ҳозима, хусусан меъда, сурхрӯда ва рӯдаи дувоздаҳангушта;
 -сирояти роҳҳои нафас;
-истресс ё ҳуҷумҳои паникӣ;
 -табхоли камарбандӣ (Herpes zoster- опоясывающий лишай);
-  осеби қафаси сина дар заминаи таъсири  омилҳои физикӣ ва ё механикӣ;
Ғайр аз ин, баъзе бемориҳои дил низ ҳастанд, ки дахолати фаврӣ наметалабанд. Ба инҳо дохил мешаванд:
-пролапси даричаи митралӣ;
-перикардит;
-баъзе нуқсҳои модарзодӣ ва ё пайдошудаи дил низ сабаби дарди қафаси сина мешаванд, ки табобатшавандаанд, вале дахолати фавриро талаб намекунанд.
Мақсади асосии мо равшанӣ андохтан маҳз ба он дардҳое мебошад, ки дар сурати сарфи назар кардан аз онҳо метавонанд ба оқибатҳои ниҳоят вазнин оваранд.
Яке аз дардҳои асосӣ дардҳои стенокардиявӣ мебошанд ва чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад, маҳз надонистани нишонаҳои одӣ ва аз ин хотир саривақт муроҷиат накардан ба пизишк боиси пеш омадани оризаҳои вазнин гардидааст.
Дардҳои стенокардиявӣ чистанд ва аз чӣ сабаб ба миён меоянд?
Дардҳои стенокардиявӣ (ангинози) дардҳое мебошанд, ки дар натиҷаи кам ё пурра қатъ шудани таъмини мушаки дил аз ғизои он – оксижен ба миён меоянд. Яъне мушакҳои дил аз оксижен, ки ба воситаи хун расонида мешавад, камбудӣ мекашанд. Агар ин ҳолат ба зудӣ, албатта бо кӯмаки пизишк, бартараф нашавад, метавонад ба ташаккулёбии сактаи миокард оварад.
Дардҳои стенокардиявӣ, одатан дар мавзеи дил, паси устухони туш ё меҳроби дил (эпигастрий) пайдо шуда, ба китфу бозӯи чап, байни шонаҳо метавонанд интишор ёбанд;
Агар равиши беморӣ мӯътадил бошад, дардҳо аксаран ба фаъолияти ҷисмонӣ вобастагӣ доранд ва зиёд тӯл намекашанд, дар оромӣ ( пас аз истироҳат) ва ё пас аз қабули зеризабонии нитроглисерин бартараф мешаванд.
Вале агар дардҳо тадриҷан  зиёд шаванд ва он дардҳое, ки қаблан фақат  ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ пайдо мешуданд, дар оромӣ низ хурӯҷ  кунанд, ин ҳушдор аз он аст, ки ҷараёни беморӣ равиши номӯътадил гирифтааст. Дар ин ҳолат  хавфи сактаи миокард ва оқибатҳои  нохуши он боло меравад.
Албатта ин зуҳуроти типикии стенокардия мебошад, вале аломатҳое ҳастанд, ки дар заминаи камхунии(ишемия) дил пайдо шудаанд, вале бо намудҳои ғайримаъмулӣ зоҳир меёбанд. Масалан, дарди чоғи поён, дарди дандон, дарди гардан,  ки ҳангоми ҳаракати  ҷисмонӣ пайдо мешавад ва тавре дар боло қайд кардаем, дар оромӣ ё пас аз қабули нитроглисерин бартараф мешавад.
Инчунин дар давоми таҷрибаи кории худ мо дидаем, ки беморонро бо дард дар меҳроби дил, ба муддати тӯлонӣ табобати меъда мекунанд ва танҳо пас аз вазнин шудани ҳолат ё пеш омадани оризаҳои вазнин ба муоинаи мутахассис (кардиолог) равон карда мешаванд. Дар  ин ҳолат табобати бемор душвор буда, метавонад хеле тӯл кашад, ё худ метавонад самараи дилхоҳ надиҳад.
Мақсади мо бо омода кардани ин ёддошт ҳушдор додани мардум аз он аст, ки дар ҳолати пайдо шудани дардҳои алоҳида дар қафаси сина  (ва чӣ хеле ки мо дидем, на танҳо дар қафаси сина) бояд саривақт ба пизишкон муроҷиат намоянд.
Албатта дар ин ҷо бори дигар қайд кардани омилҳои хатар аз фоида холӣ нест.
Дар ҷавонӣ бештар мардон ва дар калонсолӣ ҳамчунин занон метавонанд гирифтори ин беморӣ гарданд.
Шахсони сигоркаш, фарбеҳ ва гирифтори бемориҳои фишорбаландии шараёнию диабети қанд низ бештар мубталои ин беморӣ мешаванд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст