{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дар одоби масрафи дору

Чаро пизишкон доруро қабл ва баъди ғизо тавсия менамоянд?

Доруҳое, ки баъди ғизо тавсия мешаванд, ба рӯдаву меъдаи холӣ осеб мерасонанд, ва бо боқимондаи ғизо хуб ҳазм мешаванд.

Доруҳое, ки пеш аз ғизо тавсия мешаванд, тавре сохта шудаанд, ки аз ин авориз ориянд ва дар рӯдаву меъдаи холӣ хуб ҷабида мешавад.
Бояд гуфт, ки масрафи дору 20-30 дақиқа қабл ва баъд аз ғизо бо сад мл об мувофиқ аст.

Доруро танҳо бо об бояд хӯрд ё бо нӯшокиҳои дигар ҳам мумкин аст?

Ҳазм ва ҷазби дору бо об санҷида шудааст ва нӯшокиҳои дигар метавонад ба ин раванд халал расонад.

Чаро фосилаи байни масрафи доруҳо фарқ мекунад?

Муддати таъсири доруҳо гуногун аст. Пизишк доруро тавре таъин менамояд, ки дар тӯли шабонарӯз доим асари лозим дар баданро таъмин намояд. Хӯрдани дору бо фосилаи тавсияшуда ҳатмист, дар акси ҳол самараи табобат нимкора хоҳад буд. 

Доруҳое ҳам ҳастанд, ки бо ғизо тавсия мешаванд, ки одатан ба ҳазми ғизо кӯмак мекунанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст