Мусоҳибаи Шервони Умриддин бо ассистенти бахши гастроэнтерологии Бемористони Ибни Сино
доктор Маҳмадсабур Қосимов
Ҷигар – озмоишгоҳи шимиёии беназир аст, ки беист фаъолият мекунад ва миллионҳо моддаи заҳрнок дар он безарар мешаванд.
Вижагии дигари ҷигар ин аст, ки дард намекунад ва дар натиҷа шахс аз бемории ҷигар бехабар мемонад. Ҷигар ба маънои воқеӣ “ранҷ дар хомӯшӣ” мекашад. Аломатҳо ҳангоме зоҳир мешаванд, ки вазъияти ҷигар наздик ба бӯҳронӣ аст.
Вазифаи ҷигар чист?
- Ҷигар бузургтарин ғадуд дар бадан буда, бо узвҳои дигар робитаи наздик дорад;
- Аз ҷигар дар як рӯз тақрибан ду ҳазор литр хун мегузарад;
- Он дар мубодилаи моддаҳо нақши бузург мебозад;
- Дар организм зиёда аз 500 вазифаи муҳими биохимиявиро иҷро мекунад;
- Дар ҷигар дар ҳар як дақиқа зиёда аз 20 миллион реаксияи биологӣ рух медиҳад;
- Ҷигар кислотаҳои чарб, триглисеридҳо, фосфолипидҳо, холестерин, ҷисмҳои кетонро ҳосил мекунад ва дар мубодилаи онҳо иштирок мекунад;
- Он липидҳоро аз хун дар шакли хиломикронҳо ҷудо карда, барои оксидшавии онҳо дар узвҳои дигар масъул аст;
- Липопротеидҳои зичиашон баланд ва паст дар ҷигар ҳосил карда мешаванд;
- Ҷигар дар мубодилаи карбогидратҳо нақши хеле бузург дорад;
- Ҷигар узвест, ки сатҳи қанди хунро тавассути равандҳои гликогенез танзим менамояд. Мисол, агар мизони глюкоза дар хун кам шавад, гликогени дар ҷигар захира шуда, дубора ба глюкоза мубаддал мешавад, ки ин равандро гликогенолиз меноманд;
- Ҳангоми кам шудани захираи карбогидратҳо дар хун, ҷигар зери таъсири глюкокортикоидҳо гликогенро аз аминокислотаҳо ва чарбҳо ҳосил мекунад, ки инро гликонеогенез мегӯянд;
- Ҷигар дар мубодилаи витаминҳои дар чарб ҳалшавандаи A, D, E, K иштирок мекунад, ки ин ба ҷазби онҳо дар рӯда мусоидат мекунад;
- Инчунин витаминҳои B6 - пиридоксал, рибофлавин, витамини К ва кислотаҳои аскорбин, фолий, пантотеник дар ҷигар захира мешаванд;
- Ғайр аз витаминҳо, дар ҷигар микроэлементи оҳан дар шакли ферритин, мис, марганетс, кобалт, руҳ, молибден ва ғайра захира мешавад;
- Нақши ҷигар инчунин дар мубодилаи пигментҳо ва раванди лахтшавии хун бузург аст;
Барои саломатии ҷигар кадом таҳдидҳо вуҷуд доранд?
Бемориҳои ҷигар дар умум ҳепатит номида мешавад. Ҳамаи онҳо бо вуҷуд доштани раванди илтиҳобӣ дар ҷигар мушаххас мешаванд. Вобаста ба сабаби пайдоиш онҳо ба ҳепатитҳои сироятии вирусӣ, бактериявӣ, заҳрнок (доруӣ, машруботӣ ва ғайра) ва аутоиммунӣ табақабандӣ мешаванд. Сирояти ҳепатит аксар вақт тавассути вирусҳои ҳепатити А, В ва С, вируси Эпштейн - Бар, ситомегаловирус ба амал меояд.
Сабаби асосии осеби заҳрии ҷигар истеъмоли машрубот мебошад. Тибқи адабиёт, истеъмоли машрубот бо ҳисоби этанол - бештар аз 140 грамм барои мардон ва бештар аз 70 грамм барои занон дар ҳафта ба унвони сӯиистифода аз машрубот маҳсуб мешавад.
Вақтҳои охир, иллати доруӣ дар яке аз ҷойҳои намоён дар байни бемориҳои ҷигар қарор дорад. Тибқи маълумоти пажӯҳишҳои амрикоӣ, таъсири манфии доруҳо сабаби 40% ҳепатитҳо дар беморони аз 40 сола боло ва сабаби 25% мавридҳои норасоии шадиди ҷигар мегарданд. Мутаассифона бисёр доруҳо бидуни дорухат ба фурӯш бароварда мешаванд ва иттилооти марбут ба таъсири манфии эҳтимолии онҳо ба андозаи зарурӣ ба доираи васеи мардум расонида намешавад. Парасетамоли маъмулӣ, ки як доруи маъруфи шамолхӯрдагӣ ва зуком ба ҳисоб меравад ва ба таври густарда таблиғ мешавад, заҳрнок аст ва дар сурати истеъмоли беш аз ҳад метавонад боиси осеби доруии ҷигар шавад. Агар ҳатто миқдори ками машрубот ҳамзамон бо парасетамол истеъмол шавад, хатари осеби доруии ҷигар бамаротиб меафзояд.
Оё реҷаи нодурусти ғизоӣ ба рушди бемориҳои ҷигар меоварад?
Мафҳуме ба номи “бемории чарбии ғайримашруботии ҷигар” (афзоиши чарбии ҷигар, стеатоз, ҷигари “чарб”) вуҷуд дорад. Сабаби асосии рушди ин беморӣ ҷамъшавии триглитсеридҳо ва чарбҳои дигар дар ҳуҷайраҳои ҷигар – ҳепатоситҳо мебошад. Дар ин ҳолат, тағйироте дар узв рух медиҳад, ки шабеҳи тағйироти осеби машруботии ҷигар аст. Маъмулан, ин мушкилӣ дар афроде, ки вазни изофӣ доранд, дида мешавад.
Паҳншавии ин беморӣ пеш аз ҳама ба ҳаракати ками ҷисмонӣ ва истеъмоли ғизоҳои серкалория ва карбоҳидратҳои зудҳазмшаванда марбут аст. Мутаассифона, дистрофияи чарбии ҷигар ҳатто дар байни кӯдакон низ вомехӯрад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки агар шахсони гирифтори бемории дистрофии чарбии ҷигар, ҳамзамон омилҳои дигари хатарро дошта бошанд, эҳтимоли вазнин шудани раванди бемории онҳо бо гузариш ба стеатоҳепатит ва фиброз меафзояд. Ин омилҳо фарбеҳӣ, диабети қанди навъи 2 ва мавҷудияти фишорбаландии шараёнӣ мебошанд. Чарбии ҷигар ва омилҳои мазкур ҷузъҳои алоими метаболикӣ мебошанд.
Тағйири сабки зиндагӣ, коҳиши вазн аз тариқи парҳези ғизоии мутаодил ва варзиш барои табобати самаранок бисёр муҳим аст.
Чӣ гуна метавон аз мушкилоти ҷигар огоҳ шуд?
Бисёре аз осебҳои ҷигар ба таври ноаён (субклиникӣ) яъне бидуни аломат ҷараён мегиранд. Дар ин сурат бемории ҷигарро танҳо аз рӯи натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ ошкор кардан мумкин аст. Мутаассифона, бисёре аз беморон бо аломатҳои зардии чашмрас - зардшавии пардаи чашм, пешоби тира, сафедшавии ранги ахлот, беҳолии шадид ба мо муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат, амалкарди ҷигар маъмулан ба таври ҷиддӣ халалдор шудааст.
Пас ба киҳо зарур аст, ки ҷигарашон ташхис карда шавад?
Ба касоне, ки дар онҳо омилҳои хатари осеби ҷигар, ба мисли истеъмоли машруботи спиртӣ бо ҳамроҳии фишорҳои ҷисмонӣ ва эҳсосӣ вуҷуд дошта бошад.
Инчунин робитаи ҷинсии бе танзим хатари сирояти ҳепатитҳои вирусиро меафзояд.
Дар занони ҷавон истеъмоли дарозмуддати доруҳои пешгирикунанда аз ҳомилагӣ, боиси пелиоз ва ҳемангиомаи ҷигар мешаванд. Истеъмоли ноҷои доруҳои парасетамол ё аспирин барои дарди сар, ҳамон тавре ки қаблан зикр кардем, метавонанд ба ҷигар таъсири заҳрнок (токсикӣ) расонанд. Дар ин мавридҳо зарур аст, ки ба таври давравӣ озмоиши шимиёии хун барои ферментҳои ҷигар анҷом дода шавад ва меъёри ҳепотитҳои аутоиммунӣ ва вирусии А, В ва С, АЛТ, АСТ, ГТГ, билирубини умумӣ ва мустақим, фосфатазаи ишқорӣ санҷида шавад.
Дар ҳепатитҳои вирусӣ - хастагии беш аз ҳад, сустии бадан, (алоими астеникӣ) дар муддати тӯлонӣ метавонад ҷой дошта бошад. Агар чунин ҳолат шуморо муддати тӯлонӣ азият диҳад ва аз набудани сироят итминон надошта бошед, пас бояд барои нишондиҳандаҳои ҳепотитҳои вирусӣ озмоиш бисупоред.
Оё ҳепатопротекторҳо метавонанд ҷигарро муҳофизат кунанд?
Фосфолипидҳои зарурӣ ва доруҳои гиёҳӣ дар мавридҳое, ки афзоиши ками ферментҳои ҷигар мушоҳида мешаванд, муассир ҳастанд. Доруҳои зиддивирусӣ гурӯҳи ҷудогонае ҳастанд. Дар ҳар сурат, табобат бояд таҳти назари табиб анҷом шавад ва таъсири он бо назорати нишондодҳои озмоишгоҳӣ муайян гардад. Аммо муҳим ин аст, ки бояд сабабҳои асосии бемориҳои ҷигар аз байн бурда шавад. Дар мавриди ҳепатитҳои вирусӣ зарур аст, ки аз машруботи спиртӣ, ғизоҳои серравған ва серкалория худдорӣ карда, гирифтани табобати муносиб бо доруҳои зиддивирусӣ сари вақт анҷом шавад. Ҷигар ягона узве дар бадани мо мебошад, ки қодир аст худро барқарор кунад, то замоне, ки тағйироти бебозгашт рух диҳанд.
Ба ҷигар кӯмак кунед: машруботи спиртӣ истеъмол накунед, ба реҷаи ғизо риоя кунед, доруҳои ғайризаруриро истеъмол накунед, саривақт ба пизишк муроҷиат кунед ва онро барои солҳо солим нигаҳ доред. Дар Бемористони Ибни Сино ба беморони гирифтори бемориҳои мухталифи ҷигар дар ҳар марҳилаи беморӣ кӯмаки ҳаматарафа расонида мешавад. Бемористон дар заминаи табобати ҳепатитҳои аутоиммунӣ ва доруӣ, алоими чандҷониба, ҳемохроматоз, осебҳои алкулии ҷигар, бемории чарбии ғайриалкулӣ, ҳепатитҳои вирусии музмини B, C, D тахассус дорад.
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст