{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Сангҳои гурда аз кристаллҳои сахти минералҳо ва намакҳо иборатанд, ки дар гурда таҳшин мешаванд. Вақте ки онҳо калон мешаванд, як қатор мушкилиҳоро метавонанд пеш оранд аз ҷумла метавонанд дарди шадид ба бор оранд. Агар шумо қаблан ба ин мушкил дучор шуда бошед, пас эҳтимол мехоҳед бидонед, ки чӣ гуна онро пешгирӣ кардан мумкин аст. Зеро эҳтимоли пайдоиши такрории сангҳои гурда 60-80%-ро ташкил медиҳад.

         Муайян кунед, ки сангҳои гурдаатон аз кадом навъ аст.

Ба духтур муроҷиат кунед, то навъи онҳоро муайян кунад. Баъзан донистани намуди сангҳои гурда душвор буда метавонад. Вале ин маълумот барои андешидани чораҳои зарурӣ дар пешгирии пайдоиши такрори санг муҳим аст.

* Сангҳои калсий аз калсии ҳалнашуда ташаккул меёбанд, ки бо пешоб хориҷ нагардида дар гурда ҷамъ мешавад. Сангҳои маъмултарини калсий оксалатҳои калсий мебошанд.

* Сангҳои фосфат камтар ба назар мерасанд, вале мушкилоти бештарро ба вуҷуд меоранд, зеро одатан калонтар ва сахттар буда, табобатро вазнинтар мекунанд.

* Сангҳои струвит пас аз сирояти роҳи пешоб пайдо шуданаш мумкин аст. Онҳо аз магний ва аммиак иборатанд.

* Сангҳои кислотаи пешоб аз ҳисоби боло рафтани сатҳи кислотаи пешоб ба вуҷуд меоянд.

* Сангҳои систин нодиранд ва одатан ирсӣ мебошанд. Систин аминокислота аст ва баъзе одамон миқдори зиёди онро мерос мегиранд.

         Хатарҳои мусоидаткунандаро муайян кунед.

Агар шумо собиқаи бемории санги гурда доред, эҳтимоли такрори он зиёд мешавад. Барои арзёбии хавфи бозпайдошавии санги гурда бо духтур омилҳои хавфро муҳокима кунед. Дар асоси навъи сангҳо, синну сол, ҷинс ва таърихи оилаи шумо, духтур метавонад ба шумо дар таҳияи нақшаи коҳиш додани эҳтимоли бозпайдоиши сангҳои гурдаатон кӯмак кунад.

         Моеъи зиёд нӯшед.

Моеъи кофӣ барои аз организм шустани моддаҳое, ки сангҳои гурдаро ба вуҷуд меоранд, кӯмак мекунад. Об ба қадри имкон аз ӯҳдаи ин вазифа мебарояд. Ҳар рӯз ҳадди аққал 10 истакон (2,4л) об нӯшед. Нӯшокиҳое ки шакар, натрий ва  ё ягон моддаи дигар доранд, истифода накунед. Аз нӯшокиҳои кофеиндор худдорӣ кунед, зеро кофеин боиси талафи зиёди моеъ мегардад, дар ин замина равандҳои мубодилаи электролитҳою моддаҳои маъданӣ вайрон шуда, аз организм калсий ва натрий шуста мешаванд. Дар як рӯз аз бадан бояд ду ва ё зиёда литр пешоб хориҷ карда шавад ва ранги он бояд аз комилан шаффоф то каме зард бошад.

         Аз намак даст кашед.

Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши санги гурда пешоби ғализ мебошад. Истеъмоли зиёди намак ба ғализшавӣ оварда мерасонад.

         Камтар гӯшт бихӯред.

* Сафедаҳои ҳайвонот метавонанд яке аз омилҳои хатари пайдоиши сангҳои гурда бошад. Миқдори гӯштро кам кунед, то ин гуна сангҳо ташаккул наёбад.

* Нахи клетчака бештар истеъмол кунед. Ин ба кам шудани миқдори калсий дар пешоб кӯмак мекунад. Маводҳои зерин манбаъҳои хуби нах ҳастанд: Ғалладонагиҳо, аз қабили ҷав, шарбат ва меваҳои қоқ;

кабудии сербарг, аз қабили исфаноҷ.

* Агар шумо ташаккули санги оксалати калсийро аз сар гузаронида бошед, дар истеъмоли оксалатҳо эҳтиёт бошед. Барои роҳ надодан ба мушкилӣ калсий ва оксалатҳоро якҷоя истеъмол кунед. Бо ин роҳ онҳо ба ҷои дар гурда рафтан, ба санг табдил ёфта, дар меъда омехта мешаванд. Шоколад, лаблабу аз оксалат бой мебошанд. Инчунин дар лӯбиё, қаламфури сабз, чой ва арахис низ як миқдори он мавҷуд аст.

* Сарчашмаҳои хуби калсий, ки метавонанд бо хӯрокҳои оксалат якҷоя карда шаванд, шир, панир, афшураи афлесун мебошанд.

* Маводҳое ҳастанд, ки ба нигоҳ доштани сатҳи ишқори пешоб мусоидат мекунанд ва сатҳи кислотаи пешобро дар хун ва пешоб кам мекунад. Маводҳо ва агенти алкилкунандаро баъзан барои пурра пароканда кардани сангҳои кислотаи урик тавсия мекунанд.

* Агар шумо сангҳои струвит дошта бошед, пизишкон маъмулан антибиотикҳо тавсия медиҳанд.

         Пешгирии пайдоиши сангҳои калсий тавассути ҷарроҳии паратироид.

 Ҷарроҳӣ танҳо дар сурате зарур аст, ки шумо гиперпаратиреоз дошта бошед ё сабаби пайдо шудани сангҳои гурда дар ғадуди паратироид бошад. Вуҷуди ин беморӣ метавонад ба сангҳои гурдаи калсий оварда расонад. Тибқи қоида, хориҷ кардани як ё ду ғадуди паратироид дар гардан метавонад бемориро шифо бахшад ва эҳтимолияти пайдоиши санги гурдаро аз байн барад. Аз пизишкон хоҳиш кунед, ки ғадуди паратиреоидро ташхис намоянд, то бемории онро, ки ҳамчун яке аз пайдоиши омилҳои сангҳои гурда мебошанд, истисно кунанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст