Дар ҷомеаи кунунӣ дар баробари пешравиҳои ҳаёт, илми тиб низ рӯз то рӯз пешрафта истодааст. Гузаронидани роҳу усулҳои гуногуни ҷарроҳӣ, хусусан барои рафъи нуқсонҳои модарзодӣ, аз ҷиҳати зоҳирӣ зебо намудани инсоният хуб ба роҳ монда шудааст. Яке аз намудҳои чунин ҷарроҳиҳо отопластика – ҷарроҳии гӯш мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ин намуди ҷарроҳии пластикӣ ҳанӯз дар асри V пеш аз милод дар Ҳиндустони Қадим ба вуҷуд омад ва аз он вақт инҷониб, отопластика беҳтар шуда, имрӯз ба як амалиёти хеле маъмул табдил ёфтааст.
Отопластика – тармими пластикии суфраи гӯш мебошад. Имрӯз ин мушкил бо ёрии ҷарроҳони пластикӣ, ки отопластикаро анҷом медиҳанд, ба осонӣ, зуд ва бехатар дар Бемористони Ибни Сино бартараф карда мешавад.
Дар истилоҳоти тиббӣ, отопластика дахолати хоси ҷарроҳӣ дар бофтҳои гулӯла мебошад, ки ба ислоҳи шакли мавҷудаи онҳо равона карда шудааст. Бо шарофати чунин амалиёт, гӯшҳои нуқсондор аз ҷиҳати эстетикӣ намуди муқаррариро мегиранд. Ҳолатҳое мавҷуданд, ки ҷойгиршавии гӯшҳо аз сабаби норасоии генетикӣ ба таносуби рӯ мувофиқат намекунад. Дар чунин ҳолатҳо низ ин амалиёт таъин карда мешавад.
Отопластика инчунин ҳангоми он зарур аст, ки баъзе қисматҳои гулӯла дар натиҷаи захм зарар дидаанд. Имрӯз, ҷарроҳии пластикӣ барои ислоҳи гӯшҳо як амали бехатарест, ки бо арзиши дастрасаш фарқ мекунад. Вобаста аз мушкилоте, ки тавассути ҷарроҳии пластикии гӯшҳо ҳал карда мешаванд, якчанд намуди отопластика мавҷуданд. Сухан дар бораи амалиётҳои эстетикӣ ва барқарорсозӣ меравад.
Дар тиб намудҳои гуногуни чунин ҷарроҳӣ мавҷуданд:
Отопластикаи эстетикӣ
Ин навъи ҷарроҳии пластикӣ рафъи нуқсонҳои косметикиро пешбинӣ мекунад. Ин категория ба гӯшфарозӣ, гӯшҳои калон ё гӯши асимметрӣ дохил мешавад. Нишондиҳандаи ҷарроҳии эстетикии пластикӣ ба меъёрҳои аз ҷониби умум қабулшуда мувофиқ мебошад:
Ҳамин тавр, шакли гӯшҳо муқаррарӣ ҳисобида мешаванд, агар:
- нуқтаи поёни гӯш бо қисми поёнии бинӣ баробар аст;
- нуқтаи болоии гӯш ва кунҷи берунии чашм дар хатти уфуқӣ ҷойгиранд;
- кунҷи байни ҳамвории гӯш ва бадани сар бояд на бештар аз 30 дараҷа бошад;
- кунҷи садафу пистоншакл бояд дар ҳудуди 90 дараҷа бошад;
Отопластикаи эстетикӣ дар чунин мавридҳо истифода мешавад;
- рушд накардани бофти тағояки гӯш;
- инкишофи аз ҳад зиёди бофтҳои тағояки гӯш;
- қисми барҷастаи нармии гӯш;
Ҳамаи ин омилҳо нуқсҳои эстетикӣ мебошанд ва бо отопластика дар кӯдакӣ ва калонсолӣ ба осонӣ бартараф карда мешаванд.
Отопластикаи барқарорсозӣ
Ин навъи ҷарроҳии пластикӣ нуқсонҳои мураккабро, ки аз рушд накардани қисми берунии узви шунавоӣ бармеоянд, бартараф мекунад. Ин навъи бемориҳо, аз қабили макротиа, микротия, атония ва деформатсияи гӯшрро дар бар мегирад.
Таҷдиди намуди зоҳирӣ як қатор амалиётҳои мураккабест, ки истифодаи усулҳои муосири ислоҳи махсусро дар бар мегиранд.
Масалан, барои барқарор кардани як қисми гӯш, аз қабурға порчае бурида, дар асоси он пайванд месозанд. Баъд, пӯст аз он реша мегирад.
Танҳо ба воситаи буриш истифода аз мучин (скальпель) аст. Боқимонда усулҳо (лазерӣ ва мавҷи радиоӣ)-ро аксарияти пизишкон қабул надоранд.
Нишондод ва зиддиятҳо
Сарфи назар аз он, ки имрӯзҳо ҳама метавонанд бо хоҳиши худ намуди зоҳирии худро тағйир диҳанд, ҷарроҳон тавсия медиҳанд, ки танҳо дар ҳолатҳои муайян отопластика гузаронанд.
Нишондодҳо
Отопластика дар чунин мавридҳо тавсия карда мешавад:
· гӯшфарозӣ ба назар мерасад;
· андозаи гӯшҳо хеле калон аст;
· нармаи гӯш хеле калон аст;
· дар гӯшҳо нуқсонҳои модарзодӣ мавҷуданд (масалан, гӯшҳо намуди косашакл доранд);
· дар садфаи гӯш хатшаҳо ҳосил шудаанд;
· инкишоф наёфтани шакли гӯш ё набудани пӯст (микротия) вуҷуд дорад.
Волидон бораи фарзандони худ вазифадоранд, ки ҳади ақал ҳар сол аз муоинаи мутахассис гузаронанд ва камбудиҳояшонро ислоҳ кунанд.
Албатта, хоҳиши волидон барои муҳофизати кӯдак комилан фаҳмо аст.
Ҷарроҳон қайд мекунанд, ки беҳтараш гӯшҳои кӯдаконро дар синни 5 – 7 - солагӣ ислоҳ кардан лозим аст.
Дар калонсолон бофтаи картогиналии гӯшҳо қавитар бошад ҳам, ба ҷараёни амал халал намерасонад.
Зиднишондодҳо
Отопластика, ба мисли ҳар як амалиёт, як қатор зиднишондодҳо дорад, ки амалиёти ҷарроҳиро имконнопазир мекунанд. Зиднишондодҳо мешаванд нисбӣ ва мутлақ.
Нисбӣ
· ягон бемории гӯш вуҷуд дорад (то шифо ёфтани беморӣ);
· сатҳи баланди қанди хун ба қайд гирифта мешавад;
· давраи ҷараёни ҳайз;
· ҳомиладорӣ;
Мутлақ
· одам бемории онкологӣ дорад ва табобат мегирад;
· норасоиҳои рӯҳӣ мушоҳида карда мешаванд;
· гирифтори гемофилия аст;
· масунияти паст дорад.
Амалиёт чӣ гуна мегузарад
Пеш аз амалиёт, бояд машварати шахсии ҷарроҳи пластикӣ гузарад. Пас аз мусоҳибаи ҳамаҷониба бо муштарии амалиёти оянда, ҷарроҳ тартиби онро муайян мекунад ва дастурҳои муфассал медиҳад.
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст