{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ҶАРРОҲИИ ҚАЛБИ ДАР ҲОЛИ ТАПИШ ВА ВИЖАГИҲОИ ОН

(Қисмати дуввуми мусоҳиба бо доктор Алиасғари Булӯриён)

Доктор Алиасғари Булуриён аз беҳтарин ҷарроҳони қалби Эрон ҳастанд, ки бо кор гирифтан аз равиши ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапиш миёни кардиоҷарроҳони ин кишвар маъруфанд. Теъдоди ҷарроҳоне, ки қалби дар ҳоли тапишро ҷарроҳӣ мекунанд, дар ҷаҳон хеле кам аст ва онҳо ҳам ду гурӯҳанд. Гурӯҳе аз ҷарроҳон танҳо 30 дарсади ҷарроҳиҳои қалбро дар ҳоли таппиш ва гурӯҳе дигар беш аз 95 дарсади ҷарроҳиҳоро дар ҳоли тапиш анҷом медиҳанд, ки доктор Булуриён ҳам ҷузъи он аст. Ба ҳамин далел ҳам профессор Содиқӣ устоди доктор Булуриён, ки ин ҳунари ҷарроҳиро ба ӯ омӯзиш дода буд, рӯзе ба чунин як ҷарроҳие ниёз пайдо мекунад ва дар соли 2010 аз Швейтсария ба Теҳрон сафар мекунад, то бо дастони доктор Булуриён ҷарроҳӣ шавад. Доктор Булуриён бо гузоштани панҷ шунт ба рагҳои қалб устоди худро умри дубора мебахшад. Ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапиш аз душвортарин ҷарроҳиҳо маҳсуб мешавад. Бо истифода аз ин равиши ҷарроҳӣ инчунин афроди зиёдеро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон умри дубора бахшидаанд. Мо бо доктор Булуриён дар мавриди ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапиш ва мушкилоту вижагиҳои он суҳбате анҷом додаем, ки ба шумо пешкаш менамоем.

 

Ҷаноби доктор ба Тоҷикистон ва ба Бемористони ибни Сино хуш омадед! Чанд муддатест, ки дар ин бемористон ҷарроҳиҳои қалбро анҷом медиҳед. Лутфан, бигӯед, ки амалҳои ҷарроҳӣ дар инҷо тавр пеш мераванд ва барномаи сафари навбатии Шумо ба Тоҷикистон чист?

Сипосгузорам аз Шумо, ки лутф кардед ва ин мусоҳибаро танзим намудед. Нияти ман ин аст, ки шояд битавонам барои пешбурди ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапиш дар Тоҷикистон кумаке кунем. Ҳар боре, ки ман дар солҳои 2007, 2008 ва 2009 барои чанд рӯз ба Душанбе сафар мекардам, бо ин ният меомадам, ки ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапишро рохандозӣ бикунам. Бинобар ин алъон ҳам ният хамин аст, ки бишавад як Маркази ҷарроҳии шунтгузории рагҳои хунрасони мушаки дили дар ҳоли тапиш, ки дар минтақа ва ҳатто дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ вуҷуд надорад, дар Тоҷикистон роҳандозӣ шавад.

Ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапиш чи вижагиҳое дорад ва тафовуташ бо амале, ки дар он қалб ба таври муваққат аз кор бозмеистад, чист?

Бояд бигӯям, ки дар ҷарроҳии қалби боз, ки бо истифода аз мошини дилу шуш сурат мегирад, қалб барои як муддати муайян, аз чанд дақиқа гирифта то чанд соат ба хотири анҷом додани амали ҷарроҳӣ аз кор бозмеистад ва сипас дубора ба кор андохта мешавад. Дар ин равиш маъмулан ҳинни ҷарроҳӣ ба ҷои дил помп ё мошини дилу шуш ба ҷои дил фаъолият мекунад ва вазифаи гардиши хун ва хунрасонӣ ба тамоми аъзои баданро иҷро мекунад. Бояд бигӯям, ки ҳарчанд то кунун пешрафтҳое дар заминаи тавлиди чунин дастгоҳ, яъне мошини дилу шуши пуриқтидор шуда бошад ҳам, бо ин ҳол оризаҳоеро дар системи эманӣ ва системҳои дигари бадан бар ҷой мегузорад. Албатта баъзе аз ин оризаҳо фаврӣ аст ва хеле кам дида мешавад, вале аворизе ҳам ҳаст, ки ба сурати таъхирӣ дар зарфи чанд рӯз ё дар зарфи чанд ҳафта пас аз ҷарроҳӣ метавонад боқӣ бимонад. Масалан, бо озод шудан ва тарашшуҳи баъзе  моддаҳо аз гулулаҳои сафеди хун ва бофтҳои эндотериалӣ, ки сатҳи пӯшонандаи рагҳо ҳастанд, аворизи илтиҳобиро ба вуҷуд меоранд. Бемор метавонад баъди ин навъи амали ҷарроҳӣ каме зиъфу беҳол шавад ва ҳатто мушкилоти шинохтӣ пайдо мекунад. Маҳз ба далели ҳамин мушкилот дар авоили даҳаи 90 хеле аз донишмандон ва ҷарроҳони дил водор шуданд, ки амали ҷарроҳии шунтгузории рагҳои коронариро бидуни истифода аз ин мошини дилу шуш анҷом диҳанд. Ин боис шуд, ки ман ҳам тамоюл пайдо бикунам ва аз 22 соли пеш ба анҷом додани ҷарроҳиҳои қалби дар ҳоли тапиш шуруъ кардам. Ҳоло тақрибан шояд 15 сол аст, ки тамоми ҷарроҳиҳои шунтгузории рагҳои дилро бо истифода аз ин равиш, яъне дар ҳоле ки қалб метапад ва шушҳо ҳам фаъолият мекунанд, анҷом медиҳам. 

Аслан ҷарроҳии қалби дар ҳоли тапиш аввалин бор дар дар соли 1953 дар Амрико сурат гирифтааст ва қабл аз он ҳам анҷом мешуд, вале ба сурати хеле ибтидоӣ. Аз соли 1953 то 1967, яъне дар зарфи 14 сол ҷарроҳии шунтгузорӣ бар рӯи дили дар ҳоли тапиш дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба шакли аҳёнан анҷом дода мешу ва баъдан густардатар шуд.  Албатта, агар равиши ҷарроҳии дар ҳоли тапиш ба наҳви аҳсан анҷом дода шавад, ҳатман барои бемор нисбат ба ҷарроҳии кушоди дил бо истифода аз помп бисёр муфидтар ва беосебтар хоҳад буд. Ҳарчанд ҷарроҳии бисёр душворе ҳаст.

 

Чаро ҷарроҳии мушкил аст? Душвориаш дар чист?

Ин ҷарроҳӣ мисли ин мемонад, ки шумо ҳамзамон рӯи асп савор шавед ва хушнависӣ ҳам бикунед.  Ин хеле мушкил ҳаст. Чун қалб дар ҳоле ки метапад, бояд хеле боэҳтиёт бахяҳои бисёр зариф зад.  Ба ҳамин далел ҳам ҳаст, ки хеле аз ҷарроҳони дунё аз он истиқбол накарданд, чунки кори басо душворе ҳаст.  Зимнан бояд ҷарроҳ сабур бошад ва боястӣ як муддате бигзарад, то таҷбурааш комил шавад ва битавонад бо дил дуруст рафтор кунад, то дил дучори ларзаи батнӣ нашавад ва мушкиле барои бемор пеш наояд.

Оё тамоми бемориҳои дилро мешавад мешавад бо равиши ҷарроҳии дар холи тапиш анҷом дод?

На, ҳамон тавр ки арз кардам, фақат шунтгузориро мешавад бо ин равиш анҷом дод.

Агар ҷарроҳии калб бо кумаки мошини дилу шуш анҷом дода шавад, ки мусалламан қалб ба таври муваққат аз кор бозмеистад, оё хатари барои ҳамеша аз кор мондани он вуҷуд надорад? Яъне эҳтимол ҳаст, ки дил пас аз амали ҷарроҳӣ дигар ба кор надарояд?

Бале, ҳатман вуҷуд дорад. Мунтаҳо яке аз бузургтарин рисолатҳои як ҷарроҳи қалб дар хинни амал ин ҳаст, ки битавонад моҳича ё ҳамон мушаки дилро, ки ба далоили бемориҳои гуногун қаблан ҳам осеб дида ва алакай мушаки солиме нест, хадиақалл онро муҳофизат кунад.  Агар чарроҳе дар анҷоми ин рисолат муваффақ шавад ва битавонад, ки бодиққат корро ба саранҷом бирасонад, маъмулан қалб ба фаъолияти худ бармегардад. Ҳоло ё худ ба худ ё бо шоки хеле ҷузъии электрикӣ ба кор медарояд. Аммо агар ҷарроҳ натавонад онро муҳофизат кунад, барқарор шудани фаъолияти мушаки дил хеле душвор мешавад ва ё эҳтимол дорад, ки дубора ба кор надарояд.

Ҷарроҳ чи гуна бояд дар рафти ҷарроҳӣ аз қалби аз кор бозистода муҳофизат намояд? Чи равише барои зинда нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои қалбе, ки соатҳо ба хотири ҷарроҳӣ аз кор бозмемонад, вуҷуд дорад?

Муҳимтарин кор ин аст, ки вақте гир рӯи шоҳраг гузошта мешавад, дар зери он як маҳлуле зада мешавад таҳти унвони маҳлули фалаҷкунандаи қалб аст. Интихоби ин маҳлул ва фосилаи байни тазриқи ин маҳлули фалаҷкунанда ҳам бисёр муҳим аст. Дар ин кор набояд саросема шуд ва бедиққат буд. Мушаки дил хеле ҳассос аст ва агар ҷарроҳ саросема шавад ва зудтар бихоҳад корашро анҷом бидиҳад, ин метавонад барои қалб осебсоз бошад. Ба дили аз коруфтода бояд ҳар 15-20 дақиқа маҳлули махсус зада шавад, ки битавонад корашро ҳифз кунад. Баъзе аз ҷарроҳон мегӯянд маҳлулро мешавад ҳар ду-се соат такрор кард, вале ман бо ин розӣ нестам. Барои зинда нигаҳ доштани ҳуҷайраҳои мушаки қалб ҳар 15-20 дақиқа бояд маҳлул такрор шавад.  Зимнан қалб бояд дар ҳарорати поин нигаҳ дошта шавад, чун дар ин ҳарорат камтарин ниёз ба оксижен аст. Ҳангоми амал қалб на бештар аз 4-5 соат метавонад дар ҳолати фаъолият бозистода қарор бигирад. Ин замон ҳарчи камтар бошад, ҳамон қадр беҳтар аст.

Сипосгузорам аз посухҳо ва шарҳҳои бисёр ҷолибу омӯзанда!

Муваффақ бошед!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст