{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

АНГИОПЛАСТИКАИ АВВАЛИЯИ РАГҲОИ КОРОНАРӢ. ДАРМОНИ САКТАИ ҚАЛБӢ.

Сактаи қалбӣ муҳимтарин ва хатарноктарин бемории дил аст, ки ҳамасола боиси маргу мир ва садама хӯрдани дил гардида, мавориди норасоии қалбӣ ва аз байн рафтани мушаки дил ё миокорд мешавад.

Сактаи дил маъмулан бо дарди ногаҳонии қафаси сина ва боло рафтани порчаи қалбӣ дар ЭКГ намоён мегардад.

Дар ин ҳолат ба далоили гуногун раги хунгарди дил ё миокорд ба таври ногаҳонӣ баста мешавад.

Баста шудани раги хунгарди дил боис мешавад, ки мушаки дил дар арзи аз 20 дақиқа то 6 соат аз миён биравад.

Мушаки мурдаи дил дигар қобили зинда шудан нест ва ҳангоме, ки ҳуҷайраҳои дил мемиранд, ҳуҷайраҳои дигар онҳоро ҷойгузин намекунанд.

Пас бо баста шудани раги дил дармони асосӣ ин аст, ки раги дил ҳар чи зудтар бо дору ё ба василаи боз кардан бо баллон ё гузоштани стент дар даруни раг, боз карда шавад.

Боз кардани раги басташуда дар ҷараёни сактаро ангиопластикаи аввалия мегӯянд.

Ҳарчи қадар макони ин кор, дар шаҳр ё кишваре фароҳамтар бошад, аломати пешрафта будани хадамоти дармони дил аст.

Дар Аврупо анҷоми ин кор, таҳти барномаи стент барои ҳаёт (stent for life) ҷараён дорад.

Дар ин барнома ҳамасола аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва бо кишварҳои вобаста аз назари анҷом, ангиопластикаи аввалия мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор мегирад.

Масалан дар Олмон беш аз 95% беморони дорои сактаи қалбӣ таҳти дармон бо ангиопластӣ қарор мегиранд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2009 Бемористони Ибни Сино пештози ирояи ин хизматрасонӣ ба шумор меравад.

Умед аст, ки бо ҳамкории ташкилотҳои масъул, шабакаи хадамотдармонии сактаи қалбӣ дар Тоҷикистон истиқрор ёбад.

Бемористони Ибни Сино ҳама гуна омодагӣ дар ин соҳаро дорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст