{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ИСТИФОДА ВА САМАРАНОКИИ УСУЛИ ЭНДОҶАРРОҲӢ (ЭНДОУРЕТРОТОМИЯ) ДАР БЕМОРОНИ ГИРИФТОРИ ТАНГИИ (СТРИКРУРА) МАҶРОИ ПЕШОБ (УРЕТРА).

У.Қ. Азизов., А.А. Абдувоҳидов., А.А. Нусратов.

Кафедраи Урологияи ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино

Бемористони ибни Сино. Тоҷикиситон

Муқаддима.

Тангии (стриктура) уретра ё тангии маҷрои пешоб, тангшавии патологии маҷрои пешоб (уретра) мебошад, ки дар бештари ҳолатҳо баъд аз осебҳо ва илтиҳобҳои гуногуни уретра ба амал омада, 2-3% дар мардон ва 0,5-1% дар занон вомехӯрад.

Тангии маҷрои пешоб дар замони имрӯза яке аз мушкилиҳои мубрами соҳаи урологӣ ба шумор меравад, ки ин ба ихтилоли дигар узвҳои системаи идрорӣ ва пастшавии сифати ҳаётии бемор оварда мерасонад. Тангии уретра бештар дар мардони синну солашон қобили меҳнат вомехӯрад.

Маҷрои пешоби мардон нисбат ба занон аз ҷиҳати анатомӣ фарқиятҳои хос дошта, аз ду қисми асосӣ иборат аст;

-қисми пеш (меатус), ки 15-16 см буда, аз қисми саракӣ, танагӣ (пеналӣ) ва булбози иборат аст;

-қисми қафо (4-5см), ки иборат аст аз қисми мембранозӣ ва простатикӣ;

Вобаста ба сабабҳои пайдоиш бошад, тангиҳои модарзодӣ-2%, баъд аз осебҳои маҷро-70%, равандҳои илтиҳобии махсус ва ғайри махсус-15%, ва осебҳои ятрогенӣ-13%-ро ташкил медиҳад. Новобаста аз он, ки дар шароити муосир усулҳои нави ташхису муолиҷаи беморони гирифтори тангии маҷро мавҷуданд, то ҳол барои муайян кардани усули беҳтари ташхису табобат ва пешгирии дуборатангшавӣ (ретседив) баҳсу мунозираҳо байни олимони соҳа идома дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мушкил актуалӣ буда, амиқтар омўхтани сабабу механизимҳои пайдоиши тангии (стриктура)-ро дар маҷрои пешобрез талаб мекунад.

Мақсади тадқиқот. Баҳодиҳӣ ва самаранокии усули табобати эндоҷарроҳӣ (эндоуретротомия) дар беморони гирифтори тангии маҷрои пешоб ва оқибатҳои беморӣ.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Тадқиқот дар асоси табобати 35 нафар беморони гирифтори тангии маҷрои пешоб гузаронида шуд. Ба ҳамаи беморон дар бахши урологии Бемористони ибни Сино бо таври статсионарӣ ташхису табобат гузаронида шуд. Синну соли беморон аз 22 то 56 солро (бо ҳисоби миёна 39) ташкил медод. Ҳамаи беморон усулҳои зерини ташхису муоинотро гузаштанд: шикоятҳои бемор ва анамнези беморӣ, таҳлили умумии хун ва пешоб, таҳлили биокимиёвии хун, таҳлили бактериологии хориҷоти маҷрои пешоб (уретра), ташхиси ултрасадои гурдаҳо ва масона бо муайянсозии пешоби боқимонда, инчунин уретрография, уретросистография, урофлоуметрия ва систоманометрия. Ба кулли ин беморон баъди ташхис бо усули эндоурологӣ ҷарроҳии эндоуретротомия гузаронида шуда, баъди 48соати ҷарроҳӣ мураххас шуданд.

Натиҷаи тадқиқот. Тамоми бемороне, ки бо тариқи эндоурологӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуданд, баъд аз мураххасӣ бо таври амбулаторӣ дар шароити антисептикӣ дар 2 моҳи аввал ҳар рӯз 1маротиба, дар 2 моҳи дуввум як руз пас, дар 2 моҳи сеюм ҳар ҳафта як бор, дар 2 мохи чаҳорум ду ҳафта пас катетеризатсияи масона (CIC-clean intermittent catheterization ё BICC-bladder intermittent clean catheterization) гузаронида шуд ва баъди 8моҳ, дар тули 1соли дигар дар пайгирӣ ва назорати амбулаторӣ қарор доштанд.

Тадқиқоти гузаронидашуда нишон дод, аз 35 нафар беморе, ки бо усули эндоурологӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуданд, дар 29 нафари онҳо (82,8%) дубора тангшавии маҷрои пешоб ба қайд гирифта нашуд,  дар 4 нафарашон (11,4%) қисман тангшавии дубора ва дар 2 нафарашон (5,8%) такроран пайдошавии тангии маҷро мушоҳида гардид. Сабаби такроран пайдошавии танги,  хуруҷи илтиҳоби музмини маҷро ва равандҳои илтиҳобии узвҳои қисми поёнии системаи пешоб, склерозшавии мавзеъии тангии маҷро ва пануретритҳо мебошанд, ки ба ин 2 нафар бемор ҷарроҳии тармими букали (порча аз пардаи лӯобии ковокии даҳон) - и маҷро тавсия дода шуд.

Хулоса. Ҳамин тариқ хулосабарорӣ карда шуд, ки интихоби табобати ҷарроҳии беморони гирифтори тангии маҷрои пешоб(уретра) бо усули эндоурологӣ (эндоуретротомия) мувофиқи мақсад буда, барои раҳо ёфтани беморон аз ин мушкилӣ ва обструксияи инфравезикалӣ бо тарзи малоинвазивӣ муфидтар ва қобили қабул аст. Истифодаи ин усул тавонист дар муддати кӯтоҳ сифати ҳаёти беморонро беҳтар ва уродинамикаро дар маҷрои пешоб барқарор кунад. 

Барчаспҳо: