Нарзуллоева Санам
Field of activity:
Наворбардории рентген ва томографии компютерии узвҳо
More details about the specialist
Соли 2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, факултети тиббӣ, ихтисоси корҳои ташхиси тиббӣ хатм намудааст.
Солҳои 2020–2021 дар интернатураи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ихтисоси рентгенология таҳсил намудааст.
Солҳои 2021–2023 дар ординатураи клиникӣ дар назди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ихтисоси рентгенология таҳсил намуда, курси пурраи таҳсилро хатм кардааст.
Соли 2022 дар доираи меморандуми ҳамкорӣ миёни RTIC ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, барномаи омӯзишии назариявӣ ва амалӣ оид ба ташхиси КТ-ро бо иштироки радиологҳои японӣ гузаштааст.
Соли 2024 курси такмили ихтисосро аз рӯи мавзӯи «Ташхиси компютерӣ-томографӣ ва магнитӣ-резонансӣ» гузаштааст.
Соли 2025 курси онлайнӣ дар мактаби КТ/МРТ Ксения Замятина-ро бо мавзӯи интенсив оид ба КТ ва МРТ узвҳои шикам хатм намудааст.
Аз соли 2021 то моҳи марти 2025 ҳамчун табиби-рентгенолог дар Маркази тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2025 дар Клиникаи байналмилалии Ибни Сино ҳамчун табиби-рентгенолог фаъолият менамояд.
