ТАШРИФИ ПРОФЕССОРҲО МАРЯМИ ЧУРОМӢ ВА СИЁВУШИ МАНСУРӢ

Ба таваҷҷӯҳи афроде, ки аз бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург ва гепатит азият мекашанд, мерасонем, ки 28 январи соли 2021 табибони варзидаи эронӣ, гастроэнтерологҳои дараҷаи олӣ, профессорҳо Сиёвуши Мансурӣ ва  Марями Чуромӣ ба Бемористони Ибни Сино сафари корӣ анҷом медиҳанд.
Профессорҳо Мансурӣ ва Чуромӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавии бемористон, машварат ва табобати беморонро ба роҳ мемонад. 
Бемористони Ибни Сино дорои дастгоҳҳои муосири гастроэнтрологӣ, колоноскопӣ ва эндоскопӣ буда, дар сурати зарурат мундариҷаи ташхисро ба таври электронӣ (диск ё флешкорт) ва ё қоғазӣ (ба сурати чопӣ) пешкаши мизоҷон мегардонад. 
Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед худ ва наздиконатонро барои муоинаву машварат пешакӣ намнавис кунед. Ин  амр ба шумо имкон медиҳад, ки бе навбатпоӣ ва бе талафи вақти пурқимат озмоиш ва ташхисоти заруриро анҷом дода, бо омодагии комил ба машварати табиб ҳозир шавед!
Барои дарёфти иттилоъи бештар метавонед бо суроғаи: ш. Душанбе, куч. Фотеҳ Ниёзӣ 34 муроҷиат кунед ё бо телефонҳои (44) 640 01 02 ва (44) 640 т01 03 тамос гиред.

Tags: