Асадулло Зарипов
Doctor's articles
Бемористони Ибни Сино, ки то имрӯз бузургтарин тарҳи сармоягузории хусусӣ дар бахши иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аз ҳамон замони оғози фаъолияташ (сентябри соли 2009) аз чанд нигоҳ тарҳи намунавӣ ва ҳатто мунҳасир ба фард буд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо бо ворид кардани технологиҳои навтарини риштаи тибб ва даъвати мутахассисони варзидаи хориҷӣ чандин навъи чарроҳии дилро барои аввалин бор дар Точикистон анҷом додем ва ниёзмандонро аз сафари тӯлонӣ, хастагиовар ва пурҳазина ба марказҳои ҷарроҳии хориҷӣ бениёз гардонидем.
Дар ин хусус метавон зиёд ҳарф зад, вале ҳоло мехоҳам танҳо ба як риштаи фаъолияти мо таваҷҷӯҳи хонандагонро ҷалб кунам, ки дар дигар муассисаҳои тиббии кишвар ба он камтар диққат медиҳанд. Ин амр равобит бо идораҳо, муассисаҳои тиббӣ чи дар Тоҷикистон ва чи дар берун аз кишвар аст. Ман худ ба унвони муовини Директори генералӣ ихтисосан машғули ҳамин равобити беруна ҳастам ва медонам, ки равобити ҳасана бо идораву муассисоти марбута то чӣ ҳад барои кори асосии мо, ки ташхис, ҷарроҳӣ ва дармон аст, муассир мебошад. Мо бо вазорати тандурустӣ, хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва хадамоти назорати фармасевтӣ муносиботи ҳасана дорем ва пайваста аз машвара ва мусоидатҳои онҳо истифода мекунем. Равобит бо бемористонҳо ва дармонгоҳҳои кишвар, махсусан муассисаҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд барои ҳамаи тарафҳо ва муҳимтар аз ҳама барои ниёзмандон судбахш ва муассир аст. Робитаи доимӣ бо ширкатҳои фармасевтии машҳури кишвар ва Эрон ба мо дар амри таъмини дору мусоидат менамояд. Албатта, бо таваҷҷуҳ ба ин амр, ки фаъолияти бемористони мо ихтисосӣ ва дорои худвежагиҳост, гоҳе дар амри таъмини дору душворӣ мекашем. Масъала ин ҷост, ки бархе анвоъи доруҳое, ки барои бемориҳои нодир лозим аст, аслан ба Тоҷикистон ворид карда намешавад, зеро масрафи солонаи онҳо хеле кам аст ва аз ворид карданашон, ки ҳазинаҳои боло дорад, барои ширкатҳои фармасевтӣ судбахш нест. Аммо мо дар пайи ҳалли ин қазия ҳастем ва умед дорем бо ёрии вазорати тандурустӣ ва хадамоти фаъолияти давлатии назорати фармасевтӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба мақсад бирасем.
Равобити мо бо муассисаҳои мухталифи пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Олмон низ дар сатҳи хуб чараён дорад. Ба хусус мехоҳам аз тафоҳумномаи миёни бемористон ва Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон сухан бигӯям. Мо бо раиси ин Донишгоҳ доктор Мусавибаҳор, ки раиси анҷумани эндоурологҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳаст равобити чандинсолаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ дорем. Тафоҳумнома бо ин муассисаи таҳсилӣ, илмӣ ва дармонӣ ба мо имкон медиҳад, аз сӯйе беҳтарин мутахассисони эрониро ба ҳамкорӣ даъват намоем ва аз ҷониби дигар ,мутахассисони тоҷикро барои гузаштани давраҳои як ва семоҳаи бозомӯзӣ ва касби таҷриба ба ин донишгоҳ бифиристем. Лозим ба такъид медонам, ки мо на фақат табибони бемористони худро ба ин ин давраҳои омӯзишӣ эъзом менамоям, балки ҳамчунин дар се соли охир чандин нафар мутахассисони дигар бемористону дармонгоҳҳои кишварро низ ба давраҳои бозомӯзии Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон фиристодем ва дар оянда низ ин фаъолиятро, ки бидуни шак ба боло рафтани сифати дармон дар кишвар ва дубора бозёфтани шуҳрати тибби тоҷик мусоидат хоҳад кард, идома медиҳем.