Абдухалил Холиқзода
Doctor's articles
Дӯстони муҳтарам, ҳамкорони гиромӣ!
Инак ёздаҳ сол мешавад, ки Бемористони Ибни Сино ба хидмати мардум миён бастааст. Ин даргоҳи наҷот сармоягузории шахсии бузурги бесобиқа ва то кунун беназир дар соҳаи иҷтимоии кишвар буда, туҳфаи дӯстони эронӣ ба мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар ин муддат бемористон ба муваффақиятҳои беназир ноил шуд, ки ҷои ифтихор дорад. Мо тавонистем пайваста бахшҳои нави ташхису дармонӣ кушоем ва дар минтақаҳо шуъбаҳои худро таъсис диҳем, ки табобати босифати бемориҳои мухталифро дар гӯшаю канори мамлакатамон барои ниёзмандон дастрас намуданд.
Мо тавонистем шеваю усулҳои навини дармони дилу рагро ба пуррагӣ роҳандозӣ кунем. Афзун ба он ки дар бемористон тамоми нуқсон ва норасоиҳои дилу рагҳо табобат мешаванд, таҷҳизот ва тавоноии илмии муассиса имкон медиҳад, беморони қалбашон сактакарда, ба пуррагӣ шифо бахшида шаванд.
Роҳҳои нави камзахм ва муассири ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб низ аз ҷониби мутахассисони мо ба мардум пешкаш шуданд.
Бахшҳои нави бемористон дар заминаи бемориҳои чашм, осебшиносӣ (ортопедӣ), мағзу асаб, бемориҳои занон, гастроэнтерологӣ, нефрологӣ, дандонпизишкӣ низ бо дастгоҳҳои нав муҷаҳҳазанд ва аксаран аз технологияи нави табобат кор мегиранд. Бахши нисбатан навтаъсиси эндокринологии бемористон бо иштироки олими барҷаста др Таваккулиён Арҷманд табобати бемориҳои диабети қандро бо равиши тоза ва муассир дар дастраси муштариён қарор додааст.
Исми олимон ва пизишкони бузургу варзида аз кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги мо Эрон, ки бо муҳаббати хос ба хидмати мардуми Тоҷикистон камар бастаанд, бозгӯи дараҷаи илмии Бемористон аст. Бахусус, мехоҳам аз дуктур Алии Саломат, дуктур Сомии Алдубунӣ- кардиолог-интервенсионист, дуктур Саидҳабибуллоҳ Мусавибаҳор -эндоуролог ва раиси анҷумани урологҳои Эрон, др Маҳмудризо Сарзаим -ҷарроҳи қалб, мудири бахши ҷарроҳии дили бемористони Лаббофинажоди Теҳрон, др. Фирдавсӣ, др. Мансурӣ, др. Бахтиёрӣ, др Таваккулиён Арҷманд ва дигар мутахассисон, ки исмашон дар дунёи тиб маъруф буда, ҳар кадом муаллифи китобу мақолоти зиёди илмӣ мебошанд, аз иштирокашон дар кори дармон дар Бемористони Ибни Сино изҳори сипос намоям.
Бемористон тайи муддати фаъолияти худ пайваста ба омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоту фанновариҳои нав кӯшиш кардааст. Ҳамин тавр мутахассисони тоҷик докторон Сарҳадчон Бобоалиев, Асадулло Зарипов, Абдуҷобир Холиқов дар мудирияти муассиса саҳми босазое доштаанд. Мутахассисони ботаҷриба Малика Юсуфова, Мунира Нуъмонова, Саидбилол Курбонов - номзади илми тиб, Мубин Аминов, Меъроҷ Ҳакназаров -номзади илми тиб, Миратулло Исоев, ва дигарон бо донишу малакаи тӯли солҳо андӯхтаи худ дар равнақи кори муассиса мусоидати бебаҳо кардаанд.
Боиси ифтихори бемористон аст, ки мутахассисони ҷавон-дастпарварони худи бемористон дуктурон Абдусамад Абдувоҳидов, Нозим Шодиев, Қурбоналӣ Мирзобеков, Орифҷон Сатторов, Маҳмадсабур Қосимов, Диловар Маҳмадёров, Хуросон Набиева, Умар Азизов ва дигарон дараҷаи донишу малакаи худро дар марказҳои тиббии кишварҳои хориҷӣ боло бурда, устоди риштаи худ гаштаанд ва дармони замонавиро пешкаши халқ кардаанд.
Ғайр аз фиристодани мутахассисон барои давраи омӯзишӣ дар Эрон ва кишварҳои дигар, инчунин омузиши кормандон дар дохили муассиса низ роҳандозӣ шудааст.
Сифати табобат ва донишу малакаи кормандон аз ҷониби комиссияи назорати табобати бемористон пайваста назорат карда мешавад.
Мо барои фаъолияти худ масъулияти хеле баланд эҳсос мекунем! Мо дарк мекунем, ки тасмимамон барои додани теғ ба дасти ҷарроҳе бо ҳаёти одамон иртибот мегирад. Ин аст, ки даъвати мутахассисони варзидаи хориҷиро, бо вуҷуди гаронии ин иқдом идома медиҳем. Ин амр аз сӯйе кафолати ҷарроҳӣ ва дармони босифат мегардад ва аз сўйи дигар барои таҷрибаи бештар андӯхтани мутахассисони маҳаллиамон мусоидат мекунад.
Ба умеди саломатии мардуми шарифи кишвар,
Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино
Абдухалил Холиқзода