Ба таваҷҷӯҳи азизон мерасонем, ки дар санаи 22.10.2020, эндокринологи варзидаи эронӣ, доктор Аббоси Таваккулиён ба Бемористони Ибни Сино сафари навбатии корӣ анҷом медиҳад.
Доктор Таваккулиён эндокринолог-интернисти бо таҷриба буда, бемориҳои ҳипофез, ғадуди сипаришакл (ҷоғар), фарбеҳӣ ва диабети қандро бо истифода аз усулҳои муосир табобат мекунад.
Ҳузури мутахассис барои афроде, ки аз бемориҳои ҷоғар, диабети қанд, фарбеҳӣ ва онҳое, ки аз мушкилоти ҳормонӣ азият мекашанд фурсати хуберо фароҳам мекунад, то аз таҷриба ва дониши мутахассиси варзида истифода баранд.
Лозим ба ёдоварист, ки қабули мутахассис танҳо бо номнависи пешакӣ анҷом мегирад. Барои номнавис шудан мушахассот ва рақами телефони худро ба мессенҷери бемористон ирсол намоед.
Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед ба суроғаи: ш. Душанбе, куч. Фотеҳ Ниёзӣ 34 муроҷиат кунед ё бо телефонҳои: (44) 640 01 02 ва 640 01 03 тамос бигиред.